Ссылки доступа

​Нашри видеои Мадина ба раиси кумита "хуш наомадааст" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Кумитаи забон ба номгузории фурӯшгоҳҳо эрод дорад.​ Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои пешгирӣ аз хато дар номи ширкатҳо соҳибкорон пеш аз сабти номи ниҳоди худ аз ташхиси забоншиносӣ гузаранд. Пешниҳоди мазкур баҳсҳоро дар бораи эҷоди монеаи дигар дар роҳи соҳибкорӣ барангехтааст. (видео)

- Миродил Халиловро баъди бист сол "ёфтанд". Пас аз як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бесарпаноҳон зиндагии як муаллими собиқ, ки беш аз 20 сол боз бе хонаву дар буд, тағйир ёфт. Дӯстону ҳамсинфонаш ӯро дар навор шинохта, ба хонаи пиронсолон бурдаанд. Миродил Халилов кист ва чаро ба ин ҳол уфтод? (видео)

- ​Нашри видеои Мадина ба раиси кумита "хуш наомадааст".​ Раҳбари Кумитаи занон аз нашри навори келини ситамдида дар Исфара, ки сарусадоҳои зиёдеро барангехт изҳори норозигӣ кард.Ӯ иддао дорад, ки нашри чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд. (видео)

- ​Чаро 11 000 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳ нарафтанд? Дар Тоҷикистон баъзе аз донишгоҳҳо муҳтоҷи донишҷӯ шуданд. Соли гузашта бештар аз даҳ ҳазор хатмкунандаи мактаб ва довталаби идомаи таҳсил бо вуҷуди супурдани имтиҳону муваффақ шудан ба донишгоҳҳо наомаданд. Чаро? Пули таҳсил надоштаанд, ё чизи дигар? (видео)

- Чаро 11 000 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳ нарафтанд? Дар Тоҷикистон баъзе аз донишгоҳҳо муҳтоҷи донишҷӯ шуданд. Соли гузашта бештар аз даҳ ҳазор хатмкунандаи мактаб ва довталаби идомаи таҳсил бо вуҷуди супурдани имтиҳону муваффақ шудан ба донишгоҳҳо наомаданд. Чаро? Пули таҳсил надоштаанд, ё чизи дигар? (видео)

- Маскун дар хонаи шавҳари собиқ, бе обу бе барқ.​ Бештар аз 1000 зани тоҷик соли гузашта дар хонаҳои шавҳарони собиқи худ маскун шудаанд. Инҳо заноне ҳастанд, ки талоқ гирифтаанд, вале дар додгоҳ қисме аз моликияти шавҳарро ба онҳо додаанд. Зиндагӣ дар канори шавҳари собиқ барои занҳои тоҷик чӣ гуна аст ва роҳи ҳал дар куҷост? (видео)

- Биноҳои нави Душанбе ба зилзила тоб меоранд? Заминларзае, ки дар Туркияву Сурия садҳо биноро ба хок яксон кард, баҳси ба заминларза тобовар будани баландошёнаҳои Душанберо ба бор овард. Сокинон шикоят доранд, ки баландошёнаҳо бесифат сохта шудаанд ва шояд ба заминларза тоб наоранд. Мақомот мегӯянд, ба заминларзаи 9-дараҷаӣ тоб меоранд (видео)

- Муҳоҷирон метавонанд, нафақаи русӣ бигиранд? ​Мақомоти тоҷик гуфтанд, аз ин баъд муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия метавонанд, нафақа бигиранд. Ба шарте, ки санадҳояшон дурусту расмӣ бошад ва ба мақомоти марбутаи Русия муроҷиат кунанд. (видео)

- Кумакҳои нави низомии ИМА ба Украина аз чи иборат аст. (видео)

- Чи гуна Русия мероси фарҳангии Украинаро медуздад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG