Пулиси шаҳри Петропавлов нисбати ин наврас бо моддаи "сӯиқасд ба куштор" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Маълумоти дигар дар бораи вай дода намешавад.
Пештар аз ин сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов ба насби бештари дурбинҳои назоратӣ дар мактабҳо даъват кард.
"Масъалаи амният дар мактабҳо ҳамаи онҳоеро ба ташвиш меорад, ки фарзанд доранд. Тавре мо мебинем, хатар ҳатто дар дохили мактабҳо мавҷуд аст. Масъалаи амният бояд бори дигар баррасӣ шавад ва ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба тартиб оварда шаванд. Бояд теъдоди дурбинҳои назоратӣ бештар ва назорати даробаро ба мактабҳо ҷиддитар шавад", - гуфт Смаилов дар ҷаласаи ҳукуматии рӯзи сешанбе.
Даъвати сарвазири Қазоқистон дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Петропавлови он кишвар хонандаи синфи 9 табару кор ба мактаб бурда, се хонандаи мактаби №4-ро маҷруҳ кардааст.
Ба иттилои мақомоти маорифи Қазоқистон, ду маҷруҳшуда ҷароҳат вазнин бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Хонандаи севум дар макони ҳодиса кӯмаки тиббӣ гирифтааст.
Гуруҳи тафтишотӣ ба таҳқиқи ҳодиса машғул аст.