Ссылки доступа

Боздошти як гуруҳ дар Узбекистон бо гумони сохтани пулҳои тақаллубӣ


Дар вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд ва Бухорои Узбекистон як гуруҳи иборат аз 6 кас боздошт шудааст, ки дар сохтани пулҳои тақаллубӣ гумонбар мешаванд. Мақомоти пулиси Узбекистон мегӯянд, ин гуруҳ дар маҷмуъ 462 миллиону 400 ҳазор сӯм (муодили 40,6 ҳазор доллари ИМА) сохта ва ба муомилот баровардааст.

Пулис нахуст рӯзи 3 феврал дар ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах яке аз гумонбаронро ҳангоми интиқоли 4,3 млн сӯми тақаллубӣ ба корти бонкӣ боздошт мекунад.

Ҳангоми тафтишоти муқаддамотӣ дар вилояти Ҷиззах ду гумонбари дигар боздошт шудааст. Баъди он гумонбарони дигар аз вилоятҳои Самарқанду Бухоро боздош шудаанд.

XS
SM
MD
LG