Ссылки доступа

Зидди сиёсатмадори мухолифи қирғиз 12 парванда боз шудааст


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек муҳлати ҳабси пешакии сиёсатмадори мухолиф ва собиқ сафири ин кишвар дар Малайзия Азимбек Бекназаровро боз ду моҳи дигар, то 20 апрели имсол дароз кард.

Азимбек Бекназаров баъди берун шудан аз додгоҳ ба рӯзноманигорон гуфт, зидди ӯ 12 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. "Ман намедонам, онҳо чи гуна парванда ҳастанд. Маро бо онҳо шинос накардаанд ва танҳо гуфтанд, ки 12 парванда ҳаст", - изҳор дошт Бекназаров.

Вакили дифои сиёсатмадори қирғиз Эркин Булекбоев хабар дод, ки зидди шахси зери ҳимояаш 11 парванда боз шудааст, вале дар бораи айбномаҳо чизеро намедонанд.

Додгоҳи Қирғизистон 15 феврал муҳлати ҳабси фаъолони боздоштшудаи дигар Оқил Айтбоев ва Бектур Асановро низ то 20 апрели соли равон тамдид кард.

Ҳабси хонагии гумонбарони "парвандаи Кампиробод" Равшан Ҷеенбеков, Али Шабдан, Орозайим Норматов ва Нурлан Асанбеков низ дароз карда шуд.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG