Ссылки доступа

Қазоқистон ду гузаргоҳи марзӣ бо Узбекистонро баст


Гузаргоҳҳои "Сирдарё" ва "С. Нажимов" дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон аз 15 феврал муваққатан баста шуданд.

Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон хабар додааст, ки гузаргоҳҳо ба далели анҷоми корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Қазоқистон баста мешаванд. Манбаъ афзудааст, ки эҳтимол дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ танҳо мошинҳои боркаш тавонанд аз ин гузаргоҳҳо убур кунанд.

Ба шаҳрвандони ду кишвар тавсия дода шудааст, ки то ба поён расидани таъмир аз гузаргоҳҳои марзии "Гишткуприк", "Яллама", "Малик" ва "Ок Олтин" истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG