Ссылки доступа

Шумораи қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 16 нафар расид


Бештари қурбониёни тарма аз шаҳри Хоруғ будаанд.
Бештари қурбониёни тарма аз шаҳри Хоруғ будаанд.

Дар пайи фаромадани баҳман ё тарма рӯзи 15-уми феврал, 16 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Мақомот мегӯянд, 13 нафар дар Хоруғ, ду нафар дар Ванҷ ва як нафари дигар дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҷони худро аз даст додаанд.

Бар иловаи ин фавтидагон, ду сокини ноҳияи Ишкошим бенишон шудаанд ва сарнавишташон маълум нест.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода субҳи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, корҳои наҷотдиҳӣ дар шаҳри Хоруғ ба анҷом расид. Субҳи рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ дар пайи фаромадани тарма 39 хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф монданд. Шаш манзил пурра хароб шудааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, тибқи оморҳои ахир, аз зери барф дар шаҳри Хоруғ 13 ҷасадро берун оварданд. Ба гуфтаи манбаъ, 12 нафарро дар шаҳри Хоруғ аз зери барф наҷот доданд.

Умеда Юсуфӣ афзуд, феълан корҳои бартарафсозӣ дар шаҳри Хоруғ идома дошта, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса аст. "Раиси Кумита ҳам дар роҳ ба сӯи ВМКБ аст",-афзуд манбаъ.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшон мегӯяд, аз миёни 13 қурбонии тарма дар Хоруғ, 9 нафарашон сокини ноҳияи Мурғоб, ду нафар сокини Хоруғ ва як нафарӣ бошандагони ноҳияи Роштқалъа ва Рӯшон мебошанд. Ба гуфтаи манбаъ, панҷ нафар аз фавтидагон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҳастанд.

Дар хабарномаи ҳукумати Бадахшон омадааст, сокиноне, ки манзилҳояшон дар мавзеъҳои хавнок ҷойгир буда, ба ҷойҳои бехаф кӯчонда шуданд. Аммо мақомот нагуфтаанд, ки чанд нафар сокинонро ба дигар ҷой кӯчонданд.

Дар тармафароии рӯзи 15-уми феврал, ду сокини ноҳияи Ванҷ ҳам ҷони худро аз даст додааст. Масъулини идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ванҷ гуфтанд, Салмон Дилдоров, сокини 31-солаи деҳаи Садвадг 15-уми феврал зери тарма монда, фавтид.

Ба гуфтаи манбаъ, шоми 15-уми феврал дар ноҳияи Ванҷ боз тарма фаромад ва ду нафарро, ки дар роҳ ба ҷаноза буданд, бо худ бурдааст. Масъулини идораи фавқулодаи Ванҷ гуфтанд, як нафари онҳоро зинда ёфта, дуввумӣ Маъруф Гулов, сокини деҳаи Фед фавтидааст.

Қурбонии дигари тармафароӣ як ронанда дар роҳи Душанбе-Чаноқ будааст. Ширкати IRS масъулини нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз ронандагон маблағ мегирад, мегӯяд, ҳодиса баъд аз зуҳри 15-уми феврал дар километри 66 дар минтақаи Варзоб рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, фавтида як ронандаи мошини “Опел-Зефира” будааст, ки "ба таъкидҳои мутахассисон гӯш накарда, аз мошин фаромадааст".

"Ҳамаи мошинҳоро манъ карда, кормандони БДА таъкид карданд, ки аз мошин нафароед. Аммо ин ронанда бетафовутӣ карда, аз мошин мефарояд ва тарма ӯро зери мошини боркаш мекунад",-гуфтанд дар ширкати IRS.

Роҳи Душанбе-Чаноқ ягона масири рафтуомад ба шимоли кишвар аз бегоҳи 15-уми феврал баста аст.

Тибқи наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар ноҳияи Сангвор ҳам рӯзи 15-уми феврал баҳман ё тарма фаромадааст. Мақомот мегӯянд, як сокини ин ноҳияро аз зери он наҷот додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз боришоти пуршиддат ва хатари тармафароӣ аз 15 -ум то 17- уми феврал ҳушдор медиҳад. Бинобар ин, аз сокинон хоҳиш шудааст, аз сафари безарурат ба минтақаҳои баландкӯҳ худдорӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG