Ссылки доступа

Тобоварии манзилҳои навсохти Қирғизистонро месанҷанд


Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон дар ҷаласаи порлумонии рӯзи 16 феврал гуфт, тобоварии манзилҳои навсохт санҷида хоҳад шуд.

Вакили порлумони Қирғизистон Марлен Маматалиев аз оқибатҳои заминларзаи Туркия ёдовар шуд ва пешниҳоди таъсиси комисияи вижа барои санҷиши тобоварии манзилҳои навсохти Қирғизистонро кард.

Оқилбек Ҷабборов дар посухи вакил гуфт, ки тасмими тафтиш гирифта шудааст.

"Бо ёрии дастгоҳҳои махсус санҷида хоҳад шуд. Агар ҷое коркард лозим шавад, мо ширкати сохтмониро пайдо хоҳем кард. Фарқе надорад, ки бино чанд сол пеш сохта шудааст. Давоми семоҳа тафтиш сурат мегирад. Агар бино хатарнок бошад, мо онро тахриб мекунем", - гуфт Оқилбек Ҷабборов.

Вай ҳамчунин илова кард, ки назорати сохтмони нав сахттар хоҳад шуд.

Аммо вай нагуфт, ки оё санҷишҳо танҳо марбути шаҳри Бишкеки хоҳанд буд ё саросари Қирғизистон.

Заминларзаи субҳи 6 феврал дар ҷануби Туркияву шимоли Сурия боиси марги бештар аз 41 ҳазор кас шуд. Дар ин заминлара биноҳои зиёде тахриб шуданд ва сокинони онҳо зери харобаҳо монданд.

Баъди он заминларза дар Бишкек аз тобоварии биноҳои навсохт изҳори нигаронӣ карданд.

XS
SM
MD
LG