Ссылки доступа

Вазири савдои Қазоқистон гуфт, маводи ғизоӣ баҳори имсол арзон мешавад


Муовини сарвазир ва вазири савдои Қазоқистон Серик Жумангарин дар ҳошияи ҷаласаи Сенат гуфт, шаҳрвандони кишвараш баҳори имсол поин рафтани арзиши маводи ғизоиро эҳсос хоҳанд кард.

Ба гуфтаи вазир, дар ояндаи наздик арзиши 19 намуди асосии маҳсулот, ки аҳамияти иҷтимоӣ доранд, арзон хоҳад шуд.

"Вазифаи мо дар навбати аввал аз он иборат аст, ки ба норасоиҳо роҳ надиҳем. Марҳилаи дуввум бояд нархҳо устувор шаванд ва тамоюли поинравии нархҳо бояд ба роҳ монда шавад. Ба мардум бояд фаҳмонем, ки истеҳсолот ба андозаи кофӣ ба роҳ монда шудааст ва воҳима кардан лозим нест", - изҳор доштааст ӯ.

Вазири савдои Қазоқистон хабар дод, ки аз Покистон ба ин кишвар ду мошин картошка ворид ва нархи пиёз ҳам дар бозорҳои дохилӣ ба эътидол оварда шудаааст.

Сокинони Қазоқистон солҳои ахир аз афзоиши таваррум шикоят мекунад. Ҳукумат пайваста хабар медиҳад, ки барои пешгирӣ аз болоравии нархҳо иқдомҳоеро рӯи даст гирифтааст.

XS
SM
MD
LG