Ссылки доступа

Чанд варзишкор иштирок дар қаҳрамонии бокси Тошкандро бойкот карданд


Варзишкорон аз ИМА, Канада, Ҷумҳурии Чех, Ирландия ва Шветсия қаҳрамонии ҷаҳонии боксро дар шаҳри Тошканд бойкот карданд. Ин қаҳрамонӣ аз 1 то 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор хоҳад шуд.

Тасмими мазкури варзишкорон ба далели он гирифта шудааст, ки ба ин қаҳрамонӣ варзишкорон аз Русия ва Белорус, бо парчамҳо ва сурудҳои миллиашон роҳ дода шудаанд. Варзишкорони бойкоткарда талаб доранд, ки варзишкорони Русияву Белорус ба хотири ҳамлаи низомӣ ба ҳудади Украина аз иштирок дар қаҳрамонӣ маҳрум карда шаванд.

То ин замон ба ин бойкот варзишкорон аз ИМА, Канада, Бритониё, Ҷумҳурии Чех, Ирландия, Финландия ва Шветсия ҳамроҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG