Ссылки доступа

Ду муҳокимаи додгоҳии марбут ба Радиои Озодӣ дар Қирғизистон ба таъхир афтод


Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 17 феврал шикояти Радиои Озодиро нисбат ба вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистонро ба баррасӣ гирифт. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз баста шудани сомонаҳояш ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Судя ба котиботи додгоҳ дастур дод, ки барои муайян кардани вазъи ҳуқуқии телевизиони "Настоящее время" ба вазорати адлияи он кишвар муроҷиат кунад. Гузориши мавриди баҳси вазорати фарҳанг бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик" дар телевизиони "Настоящее время" нашр шуда буд. Он гузориш ба баҳсии марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон бахшида шуда буд. То муайян шудани вазъи ҳуқуқии телевизиони "Настоящее время" додгоҳ дар баррасии даъво таваққуф эълом кард.

Вазорати фарҳанги Қирғзистон рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

Рӯзи 17 феврал додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳамчунин шикояти "Азаттик"-ро дар бораи бастани суратҳисобҳои бонкиаш баррасӣ кард.

Ин муҳокима низ то рӯзи 21 феврал ба таъхир гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG