Ссылки доступа

Дар шаҳри Бишкек як касро бо гумони қатли се узви як оила боздошт карданд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон як касро бо гумони қатли се узви як оила боздошт карданд.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, боздоштшуда марди соли таваллудаш 1986, сокини вилояти Бодканди он кишвар аст. Дар пайи ин ҳодиса бо моддаи "Куштор" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Расонаҳо менависанд, боздоштшуда корманди пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аст.

Ин куштор шаби 16 ба 17 феврали соли ҷорӣ дар минтақаи 5-уми шаҳри Бишкек рух додааст. Дар ин ҳодиса як модар бо ду кӯдаки ноболиғаш кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG