Козачков аз 20 декабри соли 2022 дар ҳабс буд.
Дар бораи ба ҳабси хонагӣ интиқол додани Козачков Вадим Борейко, рӯзноманигори дигар аз шаҳри Алмато хабар дод.
Ин дар ҳолест, ки пештар додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон муҳлати ҳабси пешакии Козачковро бо дархости мақомоти тафтишотӣ се моҳ дароз карда буд.
Дархости мақомоти тафтишотӣ 30 январ қонеъ ва муҳлати ҳабси пешакии Козачков то 18 марти соли 2023 тамдид шуда буд.
Оҷонси мониторинги молӣ дар Қазоқистон 18 декабри соли гузашта хабар дод, ки рӯзноманигор Михаил Козачков, бунёдгузори канали "Kozachkov offside" дар паёмакрасони Телеграм ва хабарнигори нашрияи "Время" дастгир шудааст.
Ӯ дар мусоидат ба "гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ"-и Елдос Коспаев айбдор мешавад. Тибқи фарзияи оҷонс, Коспаев гӯиё аз "хидматҳои Козачков барои ҳамлаҳои иттилоотӣ зидди қурбониёни ғасбҳои рейдерӣ истифода мекардааст". Козачков гӯиё барои ин "хидматҳояш" аз гуруҳи ҷиноӣ 52 миллион танга гирифтааст.
Худи рӯзноманигор ин иттиҳомро рад карда, дар номааш аз дохили боздоштгоҳ гуфт, ки сардори Оҷонси назорати молии Қазоқистон Жанат Элиманов мехоҳад аз ӯ қасос гирад ва бинобар ин, вайро дастгир кардааст.