Ссылки доступа

Тазоҳуроти соҳибкорони қирғиз дар маркази Бишкек


Як гуруҳ аз соҳибкорони хурди Қирғизистон 20 феврал дар шаҳри Бишкек зидди қоидаҳои нави андоз тазоҳурот мекунанд.

Яке аз эътирозгарон, ки худро ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ Адина Қамбарова муаррифӣ кард, гуфт, тақрибан сад нафар барои изҳори норозигӣ ба қоидаҳои нави андоз дар майдон ҷамъ омадаанд.

"Мо акнун бояд ҳамаи маҳсулот, ҳатто "пирожкӣ"-ро низ бояд ба низоми электронӣ ворид кунем. Маблағ дар хазина ва низоми мазкур бояд якхел бошад. Ҳатто дар сурати як сом фарқ кардан ҷарима пешниҳод гаштааст. Ҳангоми аз бозор мол харидан маълум мешавад, ки мо 4% андоз месупорем. Арзиши патент ду баробар зиёд шудааст. Ҳатмӣ будани истифодаи дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ ҳам боқӣ мемонд. Мо маҳсулоти ғизоӣ мефурӯшем. Он бо гузаштани муҳлати истифодааш бояд партофта шавад, - афзуд Қамбарова.

Соҳибкорони Қирғизистон, ки ба муомилоти мол машғуланд, аз 1 январи соли 2023 вазифадоранд, то дар системаи иттилоотӣ худро сабтином карда, даромади худро электронӣ ба қайд гиранд.

XS
SM
MD
LG