Ссылки доступа

Ба кишоварзони Қирғизистон сӯзишвории дизелиро арзонтар мефурӯшанд


Вазорати кишоварзии Қирғизистон гуфт, барои кишти баҳорӣ 3 млн литр сӯзишвории дизелиро бо қимати 65 сом арзонтар аз нархи бозор ба фурӯш баровардаанд.

Ин миқдор сӯзишворӣ дар ноҳияҳои Қирғизистон тақсим мешавад. Вазорати кишоварзии Қирғизистон аз кишоварзон хостааст, ки барои дарёфти сӯзишвории арзон ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кунанд.

Айни замон як литр сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории он кишвар 74-75 сом фурӯхта мешавад.

Дар маҷмуъ барои кишти баҳорӣ дар Қирғизистон 42,1 ҳазор тона сӯзишворӣ зарур аст.

3 млн тона сӯзишвории дизелӣ ба 2,5 ҳазор тона баробар аст, ки 7,2% талаботи кишоварзонро барои кишти баҳорӣ таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG