Ссылки доступа

Зеленский: Иттиҳоди Чин бо Русия сабаби ҷанги ҷаҳонӣ мешавад


Президенти Украина Владимир Зеленский
Президенти Украина Владимир Зеленский

Раиси ҷумҳури Украина дар мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии "Велт", ки рӯзи душанбеи 20-уми феврал нашр шуд, ҳушдор дод, ки ҳимояти Чин аз Русия дар ҳамлаи низомӣ ба Украина, ба як ҷанги ҷаҳонӣ сабаб мешавад.

Владимир Зеленский афзуд, "барои мо бисёр муҳим аст, ки дар ин ҷанг Чин аз Русия ҳимоят накунад. Дар ҳақиқат ман беҳтар мешуморам, ки Чин дар тарафи мо бошад, вале дар ҳоли ҳозир ин баъид аст. Албатта ба назарам ин фурсат вуҷуд дорад, ки Чин аз вазъият як дарки воқеъбинона дошта бошад. Чун агар Чин бо Русия муттаҳид шавад, як ҷанги ҷаҳонӣ рӯй хоҳад дод ва фикр мекунам, ки Чин ба хубӣ аз ин масъала огоҳ аст".

Оқои Зеленский дар мавриди Молдова ба рӯзномаи "Велт" гуфт, ки ҳукумати Украина маълумот дар робита ба тавтеаи Русия барои табаддулот дар он кишварро дар ихтиёри Майя Санду, раиси ҷумҳури Молдова қарор дод.

Раиси ҷумҳури Украина афзуд, "хонум Санду ҳеҷ гоҳ аз ман тақозоибь кӯмак накардааст, вале ба хотири маълумоте, ки дар ихтиёри ӯ қарор додем, аз ман ташаккур кард. Ӯ аз вазъияти мо ба хубӣ хабар дорад. Украина дар ҳар шароите ҳозир аст ба Молдова кӯмак кунад".

Раёсати ҷумҳури Русия рӯзи душанбе гуфт, муносибатҳо бо Молдова бисёр пуртаниш аст ва ҳукумати Молдоваро, ки ҳафтаи гузашта эълон кард, аз талошҳои Русия барои табаддулот пешгирӣ кард, ба русияситезӣ муттаҳам намуд.

Суханони ҳушдоромези Владимир Зеленский ду рӯз пас аз он нашр мешавад, ки Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико дар мулоқот бо як дипломати баландпояи чинӣ дар ҳошияи Конфронси амниятии Мюнхен, ба Пекин дар мавриди кӯмакҳои низомӣ ба Русия ҳушдор дод.

Блинкен дар мусоҳибае пас аз анҷоми ин гуфтугӯҳо бори дигар баён дошт, ки Вашингтон нигарони эҳтимоли фиристодани аслиҳа ва таҳҷизоти ҷангӣ аз сӯи Чин барои кӯмак ба ҳамлаи низомӣ ба Украина аст.

Ҳамзамон бо ин таҳаввулот, вазири корҳои хориҷии Чин қарор аст ба зудӣ ба Маскав биравад ва дар ин сафар мумкин аст бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия низ мулоқот кунад.

Як манбаъи дипломатӣ, ки нахост номаш дар гузориш қайд шавад, ба хабаргузориҳои байналмилӣ гуфт, вазири корҳои хориҷии Чин илова бар муносибатҳои дуҷониба бо Русия, пешниҳоди Пекин барои поён додан ба ҷанг дар Украинаро бо мақомоти Маскав дар миён хоҳад гузошт.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия бидуни ироаи ҷузъиёти бештар сафари вазири корҳои хориҷии Чин ба Маскавро таъйид кард ва гуфт, "эҳтимоли дидори вазири корҳои хориҷии Чин бо Владимир Путин вуҷуд дорад. Меҳвари музокирот комилан мушаххас ва фарогир аст ва мавзуъҳои зиёде барои гуфтугӯ вуҷуд дорад".

Ҳукумати Чин бо таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав бинобар ҳамлаи низомӣ ба Украина ҳамкорӣ накардааст ва дар як соли гузашта ҳаҷми гардиши мол ва тиҷорат байни ду кишвар ба ҳади чашмрас афзоиш ёфтааст. Чин ба яке аз харидорони муҳими нафт ва гази содиротии Русия табдил шудааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар нишасти хабарии рӯзи душанбеи худ бидуни бурдани ном аз вазири корҳои хориҷии Амрико таъкид кард, Вашингтон дар мавқеияте нест, ки барои Чин шартгузорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG