Ссылки доступа

Узбекистону Миср дар ҳаҷми $1,6 млрд шартнома бастанд


Мулоқоти президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ширкатҳои мисрӣ боиси бастани 20 шартномаҳо гардид, ки маблағи умумии шартномаҳо ба 1,6 млрд доллар мерасад.

Президенти Узбекистон 20 феврал бо сафари дурӯза ба Миср рафт ва онҷо бо роҳбарони ширкатҳои мисрӣ мулоқот кард.

Мирзиёев аз соҳибкорони мисрӣ даъват кардааст, ки ба бахшҳое амсоли энержӣ, техникаи энержӣ, кимиёӣ, канданиҳои куҳӣ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, дорусозу ва коркарди пӯст сармоягузорӣ кунанд.

Мирзиёев ҳамчунин рӯзи 21 феврал бо президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG