Ссылки доступа

Путин ҳангоми зикри нақшаҳои Русия аз Қазоқистон ёдовар шуд


Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 21 феврал ҳангоми паём додан ба Маҷлиси федеролии кишвараш аз нақшаҳои ворид шудан ба бозори Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шарқи Наздик, аз ҷумла тавассути Қазоқистон ва баҳри Каспий хабар дод.

"Роҳҳои ояндадори иқтисоди хориҷиро густариш медиҳем ва долонҳои нави ҳамлу нақл месозем. Дар бораи сохтани роҳи босуръати мошингарди Москва-Қазон то Екатеринбург, Челябинск ва Тюмен, дар оянда то Иркутск ва Владивосток бо пайваст шудан бо Қазоқистон, Муғулистон ва Чин қарор қабул шудааст", - гуфт Путин.

Ба ҷуз ин Путин гуфт, ки нақша доранд "бандарҳои баҳри Сиёҳ ва Азовро густариш диҳанд" ва ҳамзамон вай илова кард, ки "бояд долонҳои ҳамлу нақл дар дохили кишвар таъсис шавад".

"Таваҷҷуҳи махсус ба долони байналхалқии "Шимол-Ҷануб" бахшида мешавад. Аллакай ҳамин сол тариқи канали Волго-Каспий киштиҳои ҳаҷман бузург метавонанд ҳаракат кунанд. Ин канал масирҳои навро барои ҳамкорӣ бо Ҳинд, Эрон, Покистон, кишварҳои Шарқи Наздик мукушояд. Мо ин долонро рушд хоҳем дод", - гуфт Путин.

Қазоқистон расман ҷанги Русияро зидди Украина маҳкум накардааст, аммо ҳамзамон ягонагии марзии Украинаро эътироф кардааст. Остона борҳо гуфт, ки "иҷоза намедиҳад аз ҳудуди Қазоқистон барои давр задани таҳримҳои ғарбӣ истифода шавад".

XS
SM
MD
LG