Ссылки доступа

Рӯзноманигори қазоқ Молдабеков гуфт, латтукӯб шудааст


Рӯзноманигори қазоқистонӣ ва хабарнигори сомонаи “RespublikaKZ.media” Даниёр Молдабеков мегӯяд, субҳи 22 феврал як шахси ниқобпӯш дар назди даромадгоҳи манзили зисташ ба ӯ ҳамла кардааст.

Молдабеков афзуд, ки намедонад барои чи латтукӯб шудааст. Ягон ашёи ӯ ҳам гум нашудааст.

“Ман чандин матлабҳои сахт навиштаам. Баъзе аз онҳо таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ҳастанд. Ягон ашёи маро надуздидааст. Зоҳиран ин ба фаъолияти кориам рабт дорад”, - изҳор дошт ӯ.

Рӯзноманигор изҳор дошт, ки баъди гузаштан аз ташхис ва дастрас кардани хулосаи он ба пулис шикоят хоҳад бурд.

Дар Қазоқистон давоми ним соли ахир ҳамла ба рӯзноманигорони мустақил афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG