Ссылки доступа

Дар Тошканд сохтмончиёнро барои занозании гуруҳӣ ҳабс карданд


Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, рӯзи 20 феврал дар ноҳияи Яккасарои шаҳри Тошканди Узбекистон 30 сохтмончӣ занозанӣ кардаанд.

Ҳамаи сохтмончиён дар як ширкати сохтмонӣ дар ноҳияи мазкур кор мекунанд. Занонзанӣ баъди он шуруъ шудааст, ки сохтмончиёни аз ноҳияи Ҷиззах ба шаҳри Тошканд омада миёни ҳам ҷанҷол кардаанд.

Пулиси шаҳри Тошканд мегӯяд, дар ин занозанӣ касе ҷароҳати ҷиддӣ набардоштааст. 28 тан аз шумори иштирокдорони занозанӣ боздошт шудааст.

Бо қарори додгоҳи ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд 2 тан аз боздоштшудаҳо 15-рӯзӣ ва боқимондаҳо 10-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG