Ссылки доступа

Як қирғизистонии зиндонӣ дар Русия дар ҷанги зидди Украина кушта шуд


Эрлан Эрмеков, қирғизистонии дигар дар ҷанги Русия зидди Украина кушта шуд. Гулнора Зокирова, модари вай гуфт, Эрмековро ширкати низомии хусусии "Вагнер" аз зиндони Русия ба ҷанги зидди Украина бурда буд.

Ин зан гуфт, дар бораи марги писараш рӯзи 20 феврал хабар ёфтааст.

"Вай рӯзи 6 феврал фавтидааст. Бачаҳои зиндониро набояд дигар ба ҷанг баранд. Ман аз ягона фарзандам маҳрум шудам. Иҷоза надиҳед, ки модарони дигар ранҷ кашанд, фарзандони дигаронро наҷот диҳед", - гуфт Гулнора Зокирова.

Эрлан Эрмекови 30-сола чаҳор моҳ дар Украина ҷангидааст. Ӯро соли 2019 дар Русия бо айби дуздӣ ва таҷовуз 9 сол зиндонӣ карда буданд.

Эрлан чаҳорумин қирғизистонӣ аст, ки дар бораи маргашон дар ҷанги Русия зидди Украина хабар мерасад. Ҳамаи онҳо дар Русия зиндонӣ буданд.

Бино ба иттилои охирин, ҳудуди 1077 шаҳрванди Қирғизистон дар Русия зиндонӣ аст. Вакили порлумони Қирғизистон Жанар Акаев пешниҳод кард, барои пешгирӣ аз ирсоли шаҳрвандони Қирғизистон ба ҷанги зидди Украина, раванди овардани онҳоро аз зиндонҳои Русия ба зиндонҳои Қирғизистон бояд тезонид.

XS
SM
MD
LG