Ссылки доступа

Автобуси муҳоҷирони Узбекистон дар Оренбург чапа шудааст


Автобусе, ки дар масири "Нижний Новгород-Узбекистон ҳаракат мекард, дар шоҳроҳи Оренбург-Қазон, дар наздикиҳои истгоҳи "Татарская Каргала" чапа шудааст.

Тибқи иттилои пулиси Оренбург, ронанда аз уҳдаи ҳаракат набаромадааст ва дар натиҷа автобус чапа шудааст. Дар дохили он 29 мусофир бо шумули кудакон қарор дошт.

"Дар натиҷаи садама касе осеб надидааст. Ҳамаи мусофирон аз муойинаи табибон гузаштанд", - омадааст дар иттилоияи пулис.

XS
SM
MD
LG