Ссылки доступа

ВКД Қазоқистон ҳамла ба рӯзноманигорони мустақилро шарҳ дод


Муовини аввали вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Кожаев гуфт, фармоишӣ номидани ҳамла ба як қатор рӯзноманигорони мустақил дар арафаи интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии ин кишвар, ки қарор аст, 19 октябр баргузор шавад, пешдоварӣ мебошад.

"Тақрибан ҳамаи омилони ҳамла ба рӯзноманигорон, ба ҷуз ҳолати дирӯз, ки то ҳол шикоят нашудааст, дастгир гаштаанд. Ҳоло тафтишот идома дорад. Ангезаҳои ин ҷинояткориҳо ва бо фармони кӣ анҷом шудани онҳоро тафтишот муайян мекунад. Дар ҳоли ҳозир фармоишӣ номидани онҳо пешдоварӣ аст", - изҳор дошт ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи Кожаев, аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин сӯ дар шаҳрҳои Остона ва Алмато ба шаш рӯзноманигор ва блогер ҳамла сурат гирифтааст. Дар робита ба ин ҳодисаҳо 18 кас дастгир гаштааст.

Дар Қазоқистон давоми ним соли ахир ҳамла ба рӯзноманигорони мустақил афзоиш ёфтааст. ахиран рӯзноманигори қазоқистонӣ ва хабарнигори сомонаи “RespublikaKZ.media” Даниёр Молдабеков гуфт, субҳи 22 феврал як шахси ниқобпӯш дар назди даромадгоҳи манзили зисташ ба ӯ ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG