Ссылки доступа

Тобути 4 тоҷики зиндониро аз Русия овардаанд. Мотам дар Ванҷу Ҳисор


Пайвандони Фатҳулло Нарзуллоев дар сӯги ӯ нишастаанд
Пайвандони Фатҳулло Нарзуллоев дар сӯги ӯ нишастаанд

Марги 4 зодаи дигари зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Украина тасдиқ шуд. Пайвандонашон гуфтанд, онҳоро маҷбурӣ ва ё бо ваъдаи афв ба минтақаҳои даргирӣ бурдаанд. Ёфтаҳои Радиои Озодӣ нишон дод, ки соли гузашта интиқоли тобут аз Русия ба Тоҷикистон низ зиёд шуд. Мақомот шарҳ намедиҳанд.

Набимуҳаммад Бачгонови 49-сола аз ноҳияи Ванҷ рӯзи 20-уми январи имсол дар Украина кушта шуд. Танҳо пас аз як моҳ ҷасадашро ба Тоҷикистон овардаанд. Ӯ дар Русия зиндонӣ буд.

Аъзамшоҳ Ширговадӣ, рӯзноманигор ва хешованди Набимуҳаммад Бачгонов, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ дар шаҳри Новосибирск тиҷорат дошт. Соли 2017 бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир боздошт ва 12 сол зиндонӣ шуд. Қочоқи маводи мухаддир баҳона буд."

Яке аз пайвандони дигараш дар Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ба мо гуфт, Набимуҳаммад Бачгонов бо ваъдаи озодӣ иштирок дар ҷанги Украинаро қабул кардааст.

Як нукта рӯшан аст, ки ин зодаи ноҳияи Ванҷ шаҳрвандии Русияро надошта, се моҳ пеш аз зиндони шаҳри Иркутск ба ҷанги зидди Украина сафарбар шудааст. Як ҳафта пеш ҷасади як сокини деҳаи Ҷовидони ноҳияи Ванҷро ҳам аз Украина оварда буданд.

4 тобути дигар аз Русия. Мотам дар Ванҷу Ҳисор
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:05:41 0:00

Дар як моҳи охир хабарҳо дар бораи кушта шудани зодагони Тоҷикистон дар Украина тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар мерасад. Наздикони Фатҳулло Нарзуллоев дар деҳаи Ноҷии болои Ҳисор низ ду ҳафта боз мотам доранд. Нарзуллоеви 52-сола моҳи июни соли гузашта ба Русия рафт, аммо дар Фурудгоҳи Екатеринбург боздошт шуду хабари маргаш аз Украина расид.

Файзулло Нарзуллоев, бародари Фатҳулло, мегӯяд, “ин қадар сол ба Русия мерафту меомад, ягон мушкил набуд. Хулоса, ӯро ба зиндон бурданд ва пас аз се моҳ ба ҷанги Украина рафт.”

Фатҳулло Нарзуллоев бори охир дар моҳи октябри соли гузашта бо наздиконаш тамос доштааст. Ҳамсараш дар суҳбати бидуни сабт гуфт, "шикоят дошт, ки маҷбурӣ ба ҷанг мебаранд". Бародараш ҳам мегӯяд, "одам бо хоҳиши худ ба ҷанг меравад? Кӣ худашро зери тир мепартояд?”

Бар асоси санади фавт, ки мақомоти Русия додаанд, Фатҳулло Нарзуллоев 12-уми январи имсол дар шаҳри Артемовск (Бахмут) кушта шудааст. Ҷасади ӯро баъд аз як моҳ ба Тоҷикистон фиристоданд.

Деҳаи Чуқураки шаҳри Ҳисор ҳам ҳафтае пеш мотам дошт. Аловиддин Муҳриддини 47-сола қурбонии дигари ҷанги Русия дар Украина аст.

Наздиконаш нахостанд, дар назди дурбин суҳбат кунанд. Онҳо танҳо гуфтанд, ду ҳафта пеш ҷасади ин сокини шаҳри Ҳисорро аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш дафн карданд. Хешовандони Аловиддин Муҳриддин гуфтанд, ӯ беш аз даҳ соли охир дар яке аз зиндонҳои Русия адои ҷазо мекард ва 2-3 моҳ қабл ба ҷанги Украина бурда шуд.

Мақомоти Тоҷикистон зиёд моил нестанд, дар бораи ҳалокати шаҳрвандони кишвар дар ҷанги Русия бо Украина суҳбат кунанд. Танҳо мегӯянд, касе дар ин масъала ба онҳо муроҷиат накардааст. Кофтукоби Радиои Озодӣ нишон дод, ки соли гузашта ва бахусус дар нимаи дуюми сол интиқоли тобут аз Русия ба Тоҷикистон якбора зиёд шудааст.

Ҳамасола аз кишварҳои хориҷӣ ва бахусус аз Русия ҳудуди ҳазор тобути шаҳрвандони Тоҷикистонро меоварданд. Аз ҷумла, тибқи иттилои расмӣ, соли 2021 марги 950 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ сабт шуд. Соли 2018 теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ ҷон бохтанд, 966 нафар буд. Дар соли 2022 шумораи тобутҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба 1595 нафар расидааст. Бештар аз 600 тобут назар ба солҳои гузашта.

Радиои Озодӣ то ин дам кушта шудани 14 зиндонии тоҷикро дар ҷанги Русия дар Украина тасдиқ кард. Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд. Бо ишора ба ин, эҳтимол шумораи қурбониён бештар аз 14 нафар бошад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва наздикони зиндониён талаб доранд, ки интиқоли маҳбусони тоҷик аз Русия ба ҷанг дар Украина бас шавад. Мақомот сукут ихтиёр кардаанд.

XS
SM
MD
LG