Ссылки доступа

Чанд зодаи Осиёи Марказиро дар қабристони "вагнериҳо" гӯрондаанд


Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар вилояти Москва қабристонеро пайдо кардааст, ки ба ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русия таалуқ дорад ва дар он маҳбусони кушташуда дар ҷанги Украина, аз ҷумла чандин зодаи Осиёи Марказӣ дафн карда шудаанд.

Ҳамаи зодагони Осиёи Марказӣ, ки қабрашон дар ин оромгоҳ ошкор шудааст, тавассути "Вагнер" аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина ҷалб шуда буданд. Қабристон дар деҳаи "Маврин"-и ноҳияи Шелковский ҷойгир аст.

Дар лавҳаҳои боли қабрҳо ному насаби ҳалокшудаҳо навишта шудааст. Ҳамаи онҳо дар миёнаҳои моҳи октябри соли 2022 ва январи соли 2023 дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Дар миёни дафншудаҳо узбекистониҳо низ ҳастанд.

Дар яке аз лавҳаҳои болои қабрҳои оромгоҳ ному насаби шахси дафншуда Баҳодур Ҷонибек Буранович (19.08.1977-11.01.2023) навишта шудааст. Тавре хабарнигорони радио муайян карданд, Баҳодур Ҷонибеков зодаи ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷизахи Узбекистон аст. Ӯ дар Екатеринбурги Русия кору зиндагӣ мекард.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ қаблан хабар дода буд, ки ҷасади се шаҳрванди кушташудаи Узбекистон дар ҷанги Украинаро ба наздиконашон дар ватан супурданд.

XS
SM
MD
LG