Ссылки доступа

Дар Қазоқистон бӯрон роҳи беш аз 200 муҳоҷири узбек ва тоҷикро баст


Беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистон, ки ба далели бӯрон дар роҳ дармонда буданд, дар толори варзишии мактаб ва масҷиди деҳаи Карабутаки вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ҷой дода шудаанд.

Ин муҳоҷирон мехостанд бо ду автобуси навъи "Van Hool"-и ширкати қазоқӣ ба Русия - Москва ва Самара сафар кунанд. Вале ба далели бӯрон дар километри 968-ум шоҳроҳи Самара — Чимкент дармонданд.

Мудири мактаби деҳаи Карабутак Жанаргул Куанышева гуфтааст, барои муҳоҷирон дари иловагии бинои мактаб боз карда шудааст ва онҳо ба раванди таълим ва рафти дарсҳо халал намерасонанд. Ҷамъан дар ин мактаб ва масҷиди деҳаи мазкур ба 220 муҳоҷири узбек ва тоҷик ҷой дода шудааст.

Ҳамаи шоҳроҳҳои вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба далели номусоидии бодуҳаво аз 23 феврал баста шудааст.

XS
SM
MD
LG