Ссылки доступа

Дар Бишкек иштирокдорони иқдоми бахшида ба солгарди ҷанги Украинаро дастгир карданд


Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҳафт нафареро, ки дар иқдоми бахшида ба солгарди ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар боғи Дубови шаҳр иштирок доштанд, дастгир кард.

Ҳомии ҳуқуқ Гулшайир Абдирасулова гуфт, боздоштшудаҳоро ба шуъбаи пулиси ноҳияи Якуми майи Бишкек бурданд.

"Онҳоро афроди мулкипӯш дастгир карда, телефонҳояшонро мусодира намуданд. Вазири умури дохилӣ, шарҳ диҳед, ки магар мо дигар наметавонем дар назди ёдгориҳо гул гузорем?", - навиштааст ҳомии ҳуқуқ.

Шаҳрванди Русия Станислав Захаркин, ки дар Бишкек қарор дорад, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис 5 дусти ӯро дастгир кардаанд.

"Онҳо бояд дар робита ба солгарди оғози ҷанг дар Украина дар назди ёдгорӣ гул мегузоштанд. Вале онҳоро дастгир карда, телефонҳояшонро гирифтанд", - афзуд ӯ.

Русия ҳамлаи низомӣ ба Украинаро 24 феврали соли гузашта оғоз карда буд.

XS
SM
MD
LG