Ссылки доступа

Мирзиёев: "Бисёриҳо пешниҳод доранд, ки расонаҳоро бандам, вале ман намебандам"


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, дар шароити озод будани расонаҳо кор кардан мушкилтар аст. Ба гуфтаи Мирзиёев, ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки расонаҳоро "бандад".

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов мегӯяд, Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни боздид аз мактаби рақами 71-и ноҳияи Қаршии ин кишвар бори дигар пуштибонии худро аз расонаҳо баён кардааст.

“Мо садои одилонаи мардумро нашунидем, зеро кишвари пӯшида будем. Аз аз расонаҳо пуштибонӣ намекардем ва нашунидем. Ба шумо писанд аст, ки бӯйи озодӣ ба машоматон бирасад? Барои ман писанд аст. Бале, дар чунин шароит кор кардан душвортар аст. Онҳо ба ман мегӯянд, ки "расонаҳоро банд". Вале ман намебандам", - изҳор доштааст ӯ.

Мирзиёев афзудааст, ки бо расонаҳо бояд "дӯстӣ" кард.

"Бигузор гӯянд, вале одилона. Бигузор, танқид кунанд, аммо танқиди дуруст. Агар аз онҳо ба деҳа, мактаб ва маориф манфитае бирасад, ин хеле хуб аст. Ман ҳар рӯз, аз ҷумла Интернетро мехонам. То ҳадди имкон барои ин ду соат ҷудо карда, бо қалам барои худ сабтҳое низ мекунам. Аз 10 назар, 9 тоаш дуруст аст. Ин самти дуруст аст? Дуруст аст", - илова кардааст президенти Узбекистон.

XS
SM
MD
LG