Остона гуфтааст, аз мавқеи Чин дар робита ба ҷанги Украина, ки "қобили дастгириро дорад", истиқбол менамояд.
"Ба назари мо, ҳалли мусолиматомези алтернативии ин мушкил танҳо дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва Ойинномаи СММ имкон дорад", - омадааст дар изҳорот.
Ахиран Вазорати умури хориҷии Чин нақшаи ҳалли низоъ миёни Украина ва Русияро пешниҳод кард. Ба назари Пекин, ин санад, ки иборат аз 12 банд аст, ба қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Украина мусоидат мекунад.
Дар санад даъват шудааст, ки соҳибихтиёрии ҳамаи кишварҳо бар асоси ҳуқуқи байналхалқӣ ва Ойинномаи СММ эҳтиром карда шавад. Пекин талаб кардааст, ки соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо кафолат дода шавад.
Чин ҳамчунин дар баробари таъкид бар аҳамияти даст кашидан аз ҷанги сард даъват кардааст, ки бо амнияти кишварҳои алоҳида ҷиддӣ муносибат шавад. Пекин ҳамзамон хостааст, ки даргириҳо қатъ, гуфтугӯҳо оғоз ва фоҷеаи башарӣ дар Украина аз байн бурда шавад.
Чин ҳамчунин даъват кардааст, ки аз таҳримҳои якҷониба даст кашида шавад.