Ссылки доступа

Қирғизистоние, ки дар натиҷаи таркиши газ дар Новосибир захмӣ шуд, ҷон бохт


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон 26 феврал гуфтааст, шаҳрванди ин кишвар, ки дар натиҷаи таркиши газ дар яке аз баландошёнаҳои зисти Новосибири Русия захмӣ шуда буд, ҷон додааст.

Ба иттилои вазорат, таркиш 9 феврал рух дода, дар натиҷаи он як шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардошт.

"Шаҳрванди Қирғизистонро 24 феврал ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи Бердский интиқол доданд. Ӯ бо вуҷуди талоши табибон ҷон бохт", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади ин шаҳрванди Қирғизистон 25 феврал ба ватан интиқол дода шудааст.

Дар натиҷаи таркиши 9 феврал дар Новосибир 15 кас ҷон бохт ва ҳудуди 30 хона фурӯрехт.

XS
SM
MD
LG