Ссылки доступа

Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд чор нафар зери тарма ҷон бохтаанд


Тарма дар ағбаи Шаҳристон, дар роҳи Душанбе-Чаноқ, чор нафарро куштааст.

Ширкати машкуки Инновейтив Роуд Солюшнз (IRS), ки нигоҳубини ин роҳро бар душ дорад, рӯзи 26-уми феврал хабар дод, ки ҳодиса “дар километри 157 - уми роҳи Душанбе – Чаноқ” рух додааст.

Ба иттилои ин ширкат, се нафар дар ҷои ҳодиса ва як нафар дар беморхона ҷон бохтаанд. Як мусофири дигарро дар беморхонаи ноҳияи Шаҳристон бистарӣ кардаанд.

Ҷузъиёти ҳодиса ва шахсияти афроди фавтида маълум нест.

Ин ширкат гуфтааст, ки бинобар фаромадани тарма рафтуо дар роҳи самти Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шудааст.

Зимистони имсол дар Тоҷикистон барфи камсобиқа борид.

Тарма дар як моҳи ахир ҷони беш аз 20 нафарро гирифт, ки аксари онҳо сокинони шаҳри Хоруғи ВМКБ буданд.

Тармаи рӯзи 15-уми феврал дар Хоруғ даҳҳо манзили зистро хароб кард. Қурбониёни ин ҳодиса аксаран зан ва се нафар кудак буданд.

Мақомот аз сокинон хостаанд, ки дар рӯзҳои барфу боронгарӣ безарурат сафар накунанд.

XS
SM
MD
LG