Ссылки доступа

Рустами Ҷонӣ мегӯяд, ба зидди ӯ дар Душанбе парванда кушодаанд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ паём додаанд, ки ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Намояндагони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе, ки гуфта мешавад, бо таҳқиқи парванда машғуланд, дар бораи он суҳбат намекунанд.

Худи хабарнигор бовар дорад, парванда ба зидди ӯ барои танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон боз шудааст.

Рустами Ҷонӣ рӯзи 23-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, модари ҳамсарашро рӯзи 22-юми феврал ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳии Сино даъват карда, гуфтаанд, ба зидди ӯ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (307 ва 401) парванда кушоданд.

"Гуфтаанд, ба ӯ бирасонед, ки ба Тоҷикистон баргардад ва худро ба мақомот таслим кунад. Узр хоҳад ва аз роҳе, ки интихоб кардааст, изҳори пушаймонӣ кунад, мавриди афв қарор мегирад. Мо 12 рӯз ӯро инҷо нигаҳ медорем ва баъд метавонад, ба ҷойи иқоматаш баргардад," – гуфт Ҷонӣ.

Дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи шарҳи масъала навиштанд, "иттилоъ дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ тасдиқ нашуд."

Мудири пешини Радиои Имрӯз ва нашрияи "Имрӯзнюс", ки дар Прага ба сар мебарад ва қаблан дар Радиои Озодӣ ҳам кор кардааст, бархурди ҳукуматро ба тазоҳуроту нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танқид мекард.

Пас аз пахши тазоҳурот дар моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомӣ садҳо нафар, аз ҷумла фаъолони мадании бадахшониро дастгир ва баъзе аз онҳоро ба муддатҳои дароз зиндонӣ карданд.

Мақомот ин афродро ба ташкили эътирозу ноамнӣ, таъсиси созмонҳои ҷиноӣ ва латукӯби намояндагони давлат муттаҳам мекунанд, вале наздиконашон мегӯянд, онҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ва пешгирӣ аз худсарии мақомоти интизомӣ дар вилоят талош доштанд.

XS
SM
MD
LG