Ссылки доступа

Дар Туркманистон аз номи президент ба занҳо 3-долларӣ медиҳанд


Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур додааст, ки бахшида ба 8 март - Рӯзи ҷаҳонии зан - ба ҳар кадом зан дар Туркманистон 60-манатӣ, муодили 3 доллари ИМА, туҳфа карда шавад.

Ин дастури Бердимуҳаммадов рӯзи 24 феврал содир шудааст. Тақдими 3-долларӣ ба занони туркманистонӣ аз 1 март то 6 март сурат хоҳад гирифт.

Расонаҳои туркманистонӣ менависанд, 60 манат бо қурби расмӣ муодили 17 доллари ИМА ва бо қурби бозори сиёҳ 3 доллар арзиш дорад.

Ин туҳфа ба занону духтароне тақдим карда мешавад, ки дар корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ кор мекунанд ё нафақахӯр ҳастанд. Ҳамзамон унвонҷӯёну донишҷӯён ва хонандагони мактабу тарбиятгирандагони боғчаҳо онро дастрас хоҳанд кард.

Расонаҳо менависанд, дар солҳои гузашта ба занони хонашин ва духтароне, ки ба мактаб намерафтанд ва ҳамчунин ба заноне, ки дар корхонаҳои хусусӣ кор мекарданд, аз номи президент туҳфа тақдим накарда буданд.

Дар Туркманистон аз номи президент ба занон ҳамасола туҳфа тақдим мекунанд ва ҷараёни тақдими туҳфаҳоро тариқи расонаҳо нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG