Ссылки доступа

Комисияи интихоботии Қазоқистон: бештар аз 12 млн сокин ҳаққи раъй доранд


Бештар аз 12 млн қазоқистонӣ ҳақ доранд, ки дар интихоботи ғайринавбатии порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 19 март раъй диҳанд. Дар ин бора Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон рӯзи 27 феврал хабар дод.

"Мо рӯйхати раъйдиҳандагонро аз санҷиш гузаронидем. Мо 12 миллиону 32 ҳазору 550 раъйдиҳандаи воқеӣ дорем", - гуфт Константин Петров, муовини раиси Комисияи интихоботии Қазоқистон.

Намояндаи Комисия гуфт, мубоҳисаи интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ дар телевизиони давлатии "Хабар" сурат мегирад. Дар ин мубоҳисаҳо 7 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG