Ссылки доступа

Иктишоф: Украина барои ҳамла дар ҷануб то баҳор омода мешавад


Артиши Украина барои ба ҳамла гузаштан баҳор омода мешавад, ки ҳадафи ин ҳамла "пора кардани ҷабҳаи Русия дар ҷануб аст".

Дар ин бора Вадим Скибитский, муовини сардори Сарраёсати иктишофи вазорати мудофиаи Украина дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

Вай илова кард, замони шуруъи ҳамла аз чанд омил, аз ҷумла аз таъмини аслиҳаи ғарбӣ вобаст аст.

Ба гуфтаи Скибитский, яке аз ҳадафҳои асосии ҳамла барҳам задани равуои заминӣ байни Русия ва Қрими ғасбшуда аст, аммо анборҳои аслиҳаи Русия дар ҳудуди вилояти Белгород низ ҳадаф қарор хоҳанд гирифт. Скибитский гуфт, аз ин вилоят ба ҳудуди Украина ҳамла сурат мегирад.

Роҳбарони вилоятҳои ҳаммарзи Русия бо Украина пайваста аз зарбаҳо хабар медиҳанд. Ба гуфтаи роҳбарони вилоятҳои Русия, зарбаҳо аз ҳудуди Украина сурат мегиранд. Дар натиҷаи ин зарбаҳо биноҳо хароб, сокинон куштаву захмӣ мешаванд. Мақомоти расмии Русия ин ҳамлаҳои Украинаро шарҳ намедиҳанд. Намояндагони кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, аслиҳае, ки ба Украина медиҳанд, танҳо барои озод кардани ҳудудҳои ин кишвар аз артиши Русия аст, на барои зарба задан ба ҳудуди Русия.

Скибитский гуфт, ҳадафи ҳамлаи пешорӯ - "озод кардани ҳамаи ҳудудҳои ғасбшудаи Украина, аз ҷумла Қрим" ва барқарории марзҳои соли 1991 аст.

Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи якшанбеи гузашта гуфт, бо баргардонии Қрим ба Украина сулҳ фаро мерасад. "Ин замини мост. Одамони мост. Таърихи мост. Парчами Украинаро мо ба ҳар гӯшаи Украина бармегардонем", - навишт вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

XS
SM
MD
LG