Ссылки доступа

Додгоҳи олии Қазоқистон хост, ба иштироки фаъоли маданӣ дар интихобот иҷозат диҳанд


Додгоҳи олии Қазоқистон қарори комиссияи интихоботиро дар бораи сабтином накардани номзадии фаъоли маданӣ Айгерим Тлеужан дар интихоботи порлумони ин кишвар ғайриқонунӣ номид.

Шахси боэътимоди фаъоли маданӣ Алнура Иляшева дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки додрас гуфтааст, барои иштироки Айгерим Тлеужан дар интихоботи вакилони порлумони Қазоқистон ҳеч гуна монеае вуҷуд надорад.

"Санади комиссияи интихоботии ҳавзаи якмандатӣ ғайриқонунӣ номида шуд. Ҳамчунин қарор шуд, ки ин қонуншиканӣ ислоҳ карда шавад. Ин қарори коллегияи судӣ аст", - изҳор дошт додрас Берик Нажимеденов.

Комиссияи интихоботӣ 18 феврал номзадии фаъоли маданиро дар интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Қазоқистон дар ҳавзаи якмандатии №3-и шаҳри Алмато ба қайд нагирифт.​

Дар Қазоқистон 19 март интихоботи пеш аз муҳлати вакилони палатаи поёнии порлумони он кишвар баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG