Ссылки доступа

"Парвандаи Кампиробод": Вазъи сиҳатии яке аз боздоштшудаҳо бад шудааст


Вазъи сиҳатии яке аз гумонбарони "парвандаи Кампиробод" ва собиқ узви Комиссияи интихоботии Қирғизистон Гулнора Ҷурабоева дар боздоштгоҳ бад шудааст.

Бакитбек Автандил уулу, вакили дифои Ҷурабоева гуфт, шахси зери ҳимояи ӯ бояд дар бемористон бистарӣ карда шавад.

"Ҳабс ба саломатии ӯ таъсири манфӣ расонд ва бемориҳои музминаш бадтар шуданд. Дар ҳабс нигоҳ доштани заноне, ки дар амалашон таркиби ҷиноят надоранд, бахусус дар ин сину сол ба ақл рост намеояд", - афзуд вакили дифоъ.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG