Ссылки доступа

Бензини "Аи-80" дар Узбекистон гарон мешавад


Дар Узбекистон 1 март муҳлате, ки андози аксиз барои бензини воридотӣ ва маҳаллии навъи "АИ-80" бекор карда шуда буд, ба поён мерасад.

Хадамоти матбуотии ширкати "Узбекнефтегаз" иттилоъ додааст, ки нархи ин навъи бензин дар Узбекистон аз 1 март гарон мешавад.

Мақомоти Узбекистон моҳи декабри соли гузашта маҳдуд шудани фаъолияти нуқтаҳои фурӯши газ ва афзоиши талабот ба бензин андози аксизро барои бензини "АИ-80" то 1 марти имсол бекор карданд ва дар натиҷа нархи он арзон шуда буд.

Расонаҳои Узбекистон он замон навиштанд, ки баъди бекор шудани аксиз навъи бензини АИ-80 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 8,7% арзон шудааст.

Ба ҳисоби коршиносон, буҷаи Узбекистон аз ҳисоби бекор шудани аксиз барои ин навъи бензин ҳудуди 19 млн долларро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG