Ссылки доступа

Фаъоли қазоқ баъди тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз Украина ба бозпурсӣ даъват шуд


Фаъоли маданӣ ва номзад ба мақоми вакилии порлумони Қазоқистон дар интихоботи моҳи март Инга Имонбой хабар дод, ки пулис ӯро дар доираи парвандаи "ангехтани бадбинии миллӣ" ба бозпурсӣ даъват кардаааст.

"Маро 23 феврал, баъди ҷавоби рад гирифтан ба дархост дар бораи баргузории иқдоме ба ҷонибдорӣ аз Украина дар доираи парвандаи ангехтани бадбинии миллӣ барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис даъват карданд. Маъмури пулис хабар дод, ки зидди ман мавод тартиб дода шудааст", - изҳор дошт Имонбой.

Имонбой парвандаи мазкурро "фармоишӣ" номид. "Ҳама гуна таъқиби ман фармоиши сиёсӣ аст. Бахусус, дар арафаи интихоботи порлумонӣ ва таъқиби ҷиноии шавҳарам Ҷонболат Мамай", - илова кард фаъоли мадании қазоқ.

Инга Имонбойро баъди он ба бозпурсӣ даъват карданд, ки ӯ 24 феврал дар бинои Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон дар Алмато ба ҷонибдорӣ аз Украина тазоҳуроти инфиродӣ баргузор кард. Вай гуфт, тазоҳуроти инфиродии худро барои он дар дохили бино баргузор кард, ки шаҳрдории Алмато ба баргузории он дар кӯча иҷозат надод. Ин тазоҳуроти вай дар солгарди ҳамлаи низомии Русия ба Украина баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG