Ссылки доступа

Котиби давлатии ИМА барои гуфтугӯ бо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Қазоқистон шуд


Энтони Блинке, котиби давлатии ИМА бо сафари расмӣ вориди пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона шуд. Вай имрӯз дар қолаби С5+1 бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот мекунад.

Ин нахустин сафари Блинкен ба Осиёи Марказӣ ба ҳайси котиби давлатии ИМА аст.

Пеш аз сафар ба Остона Блинкен дар саҳифаи Твиттер навишт, ки бесаброна мунтазири рушди ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ аст.

Дар мулоқоти Блинкен бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби С5+1 ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, энержӣ ва муҳитзистӣ, инчунин ҳамкории ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши амният таваҷҷуҳ мешавад.

Блинкен баъди мулоқот дар Остона ба шаҳри Тошканди Узбекистон сафар мекунад. Вай ҳамчунин рӯзи 1 март барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви G20 ба Ҳинд меравад.

XS
SM
MD
LG