Ссылки доступа

Вокуниши Тоҷикистон ба эътирози муҳоҷирон, аммо тавсиф аз ширкати сохтмонӣ


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба қазияи эътирози муҳоҷирони тоҷику узбек ба напардохтани маошашон аз сӯи як ширкати русӣ вокуниш кард. Ҳафтаи гузашта садҳо муҳоҷири тоҷику узбек аз он норозигӣ карданд, ки се моҳ боз наметавонанд маоши худро дарёфт кунанд.

Дар вокуниши Вазорат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, ки бегоҳи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ ирсол шуд, мақомот гуфтаанд, намояндагони онҳо дар Русия се рӯз пеш бо намояндагони ширкати сохтмоние, ки маоши муҳоҷиронро пардохт накард, суҳбат кардаанд.

Мақомот аз номи ширкати "Крокус групп" навиштаанд, "бинобар дермонӣ дар маблағузорӣ аз ҷониби фармоишгар натавонистанд, музди маоши кормандонро сари вақт пардохт кунанд". Вале дар вокуниши Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон бештар аз ширкати сохтмонӣ тавсиф шудааст ва дар бораи эътирози муҳоҷирон тақрибан ҳарфе нест.

Аз ҷумла, Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон аз он тавсиф кардааст, ки ширкати сохтмонӣ кормандонро бо се вақт хӯроки гарм, маблағи патент, бақайдигирӣ ва либоси махсус таъмин кардааст. Инчунин мақомот аз номи муҳоҷирон навиштаанд, гӯё давоми 5-6 соли ахир дар ширкати "Крокус групп" бори аввал аст, ки дар пардохти маош таъхир сурат мегирад.

Масъулини ширкати "Крокус групп" дар бораи эътирози кормандонашон расман чизе нагуфтаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз ширкат ваъда гирифтаанд, ки дар аввали моҳи март маоши муҳоҷиронро пардохт мекунад. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, се моҳ аст, ки ваъдаи пардохти маошро мешунаванд, аммо аз худи маблағ дарак нест.

Рӯзи 22-юми феврал зиёда аз ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек, ки дар ширкати "Крокус Групп" дар Маскав, кор мекунанд, бо талаби пардохти маоши чандмоҳаи худ тазоҳурот барпо карданд. Ширкат ин талаби онҳоро қабул кард ва ваъда дод, ки музди муҳоҷирон моҳи март ба онҳо дода хоҳад шуд.

Як рӯз пеш сомонаи Сенат ё порлумони Узбекистон навишт, ба муҳоҷироне, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кардаанд, ёрии амалӣ расонида мешавад. Дақиқ гуфта нашудааст, ки ин ёрӣ аз чӣ иборат аст.

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, намояндагони худро ба назди муҳоҷирон фиристоданд, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, касеро надидаанд. Баръакс ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик, намояндагони Узбекистон бо шаҳрвандони худ вохӯрӣ карданд.

Назар, як тан аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар ширкати "Крокус Групп" кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо ба рақамҳои сафорат занг заданд, вале касе посух надод.

"Корфармо ба мо се моҳ зиёдтар шуд, ки ваъда медиҳад, вале пулро намедиҳад. Намояндаҳои Узбекистон омаданд, шояд аз онҳоро диҳанд, вале ба мо аҳамияте намедиҳанд"-гуфт, ӯ.

Самандар, як муҳоҷири дигари тоҷик гуфт, ки нисфирӯзии 27-уми феврал ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав занг заданд ва як корманди сафорат шикояташонро сабт намудааст. Маълум нест, ки то куҷо шикояти муҳоҷирон баррасӣ мешавад.

Вазорати меҳнат ва муҳоҷират гуфтааст, шаҳрвандон дар Русия дар ҳолати пайдо шудани мушкил метавонанд ба намояндагиҳои онҳо занг зананд.

Тибқи иттилои Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, дар сохтмонҳои ширкати "Крокус групп" 2300 муҳоҷир кор мекунанд, ки қариб ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Надодани ҳаққи кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия мушкили нав нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳамасола мегӯянд, бо дахолати онҳо миллионҳо рубл маблағи муҳоҷирон аз корфармоён рӯёнда мешавад. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, то ҳол ин ҳолатҳо зиёд ҷой дорад.

XS
SM
MD
LG