Мақомоти Узбекистон гуфтанд, дар соли 2022 дар ҳаҷми 31 млрд доллар сармоя хориҷӣ ҷалб шудааст.
Ба гуфтаи президенти Узбекистон, дар соли ҷорӣ 11 млрд доллари дигари сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда хоҳад шуд. Ба ин тартиб, ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ дар Узбекистон ба 42 млрд доллар хоҳад расид.
Мирзиёев афзудааст, дар 5 соли оянда барои рушди устувори иқтисодӣ истеҳсолот 1,5 афзоиш дода шуда ва содирот ба 30 млрд доллар расонида хоҳад шуд. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Узбекистон 120 млрд доллари сармоя, аз ҷумла 70 млрд доллари сармояи мустақими хориҷӣ зарур аст.