Ссылки доступа

Раиси вилояти Сурхандарёи Узбекистон баъди ронда шудан аз мансаб дигарбора вазифа гирифт


Тура Боболов, раиси вилояти Сурхандарёи Узбекистон дар охири моҳи декабри соли 2022 баъди танқиди президент аз мақом ронда шуда буд. Ба вай дар Палатаи савдову саноати Узбекистон вазифаи нав додаанд.

Сомонаи Палатаи савдо ва саноати Узбекистон хабар дод, ки Боболов ба ҳайси муовини раиси палата дар ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Узбекистону Озорбойҷон рӯзи 24 феврал дар шаҳри Тошканд ширкат кардааст.

Боболови 52-сола, ки наздики чаҳор сол раиси вилояти Сурхандарё буд, 26 декабри соли 2022 аз мақом барканор шуд.

Расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки Боболов баъди таҳдиди мақомдорони маҳаллӣ аз мақом барканор шудааст.

Баъди нашри садои таҳдидҳои Боболов дар шабакаҳои иҷтимоӣ, моҳи октябри соли 2022 Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ӯро таҳдиди аз кор рондан кард.

XS
SM
MD
LG