Ссылки доступа

Давлатмурод Тоҷимуродов ба Додгоҳи олии Узбекистон шикоят кард


Давлатмурод Тоҷимуродов
Давлатмурод Тоҷимуродов

Ринат Тоҷимуродов, бародар ва вакили дифои гумонбари асосии ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон Давлатмурод Тоҷимуродов, ки ахиран 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ба Додгоҳи олии Узбекистон шикоят кардааст.

Тибқи иттилои хабаргузории "Газете.uz", Ринат Тоҷимуродов гуфтааст, бародарашро бе асос ба "Тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат ё барҳам задани сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор карданд. Зеро ба гуфтаи ӯ, Давлатмурод Тоҷимуродов қасди барҳам задани сохти конститутсиониро надошт.

Додгоҳи Қарақалпоқистони Узбекистон рӯзи 31 январ ҳукми 22 тан аз айбдоршавандагони ҳодисаҳои Нуқусро эълом кард.

Давлатмурод Тоҷимуродов, ки айбдоршавандаи асосии ҳодисаҳои Нуқус номида мешавад, бо айбҳое амсоли "Тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат ё барҳам задани сохти конститутсионии Узбекистон", "Ғорат бо роҳҳои азхудсозӣ ё исрофкорӣ", "Қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ", "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ки боиси хушунат ва зиёни молӣ шудааст" ва ғайра 16 сол зиндонӣ гардидааст.

Ба ҷуз ин, Тоҷимуродов ба ҷуброни зарари моддӣ дар ҳаҷми бештар аз 20 ҳазор доллари ИМА вазифадор шудааст. Пештар додситон барои вай 18 соли зиндон талаб карда буд.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG