Ссылки доступа

Русия ба Қирғизистон 40 мошини оташнишонӣ дод


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар дод, ки ин кишвар ба Қирғизистон 40 мошини оташнишонӣ додааст.

Маросими расмии қабули ин мошинҳо 1 март дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Мошинҳо дар асоси созиши президентҳои ду кишвар ҳамчун грант тақдим карда шудаанд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 1 феврал 100 техникаеро, ки аз сӯи Чин ҳамчун грант пешниҳод шуда буданд, ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвараш тақдим кард. 85 тои он мошини оташнишонӣ буд.

XS
SM
MD
LG