Ссылки доступа

Блинкен гуфт, Амрико ба Осиёи Марказӣ $25 млн кумак мекунад


Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико дар ҷараёни сафари расмии худ ба шаҳри Остона ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири коҳиши вобастагӣ аз Русия кумак ваъда кард.

Блинкен дар нишасти "С5+1" - мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Остона хабар дод, ки Вашингтон барои давлатҳои минтақа 25 миллион доллар ҷудо мекунад.

Ӯ дар пасманзари таҷовузи низомии Русия ба Украина изҳор дошт, ки ИМА аз "истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ"-и мардуми Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод, ки раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев сафари Блинкенро "як такони иловагӣ ба ҳамкориҳои ду кишвар номидааст".

Нишасти "С5+1" аз соли 2015 баргузор мегардад ва ин як маҳфили кориест, ки барои баррасӣ ва ҳамоҳангсозии барномаву нақшаҳои муштарак таъсис шудааст.

Сафари Блинкен ба пойтахтҳои Қазоқистон ва Узбекистон аввалин боздиди ӯ аз минтақа ба ҳайси дипломати аршад дар ҳукумати Байден мебошад. Ин сафар ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз солгарди ҳамлаи Русия ба Украина сурат мегирад, ки як навъ озмоиши нуфузи Маскав дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Қарор аст, Блинкен ба шаҳри Тошканди Узбекистон сафар кунад. Рӯзи 1-уми март барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви G20 ба Ҳинд меравад.

XS
SM
MD
LG