"Мо дар айни замон аз ҷониби Русия хатар ё таҳдидеро намебинему эҳсос намекунем. Қазоқистон ҳамроҳ бо кишварҳои дигар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ИДМ аст, ки Русия ҳам узви ин созмонҳост. Аз ҳамин хотир мо муносибатҳоро бо Русия ба сифати ҳампаймон баррасӣ мекунем", - гуфт Тлеубердӣ.
Пеш аз ин изҳорот Тлеубердӣ гуфт, ки "Қазоқистон дар воқеъ бо Русия ва Украина робитаҳои таъхирӣ дорад". Вай афзуд, ки "ҳамаи ин вазъият барои мо, барои иқтисоди мо сахт аст ва мо талош дорем, ки аз таъсири манфии таҳримҳо пешгирӣ кунем".
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 28 феврал дар Остона гуфт, ки ИМА аз ягонагӣ ва тамомияти арзии Қазоқистон ҳимоят мекунад.