Ссылки доступа

Ширкати мобилии "Альфа Телеком"-ро дар Қирғизистон ба ихтиёри Бонки давлатии рушд месупоранд


Ширкати мобилии "Альфа Телеком"-ро дар Қирғизистон, ки таҳти тамғаи "MEGA" фаъолият мекунад, мумкин аст, ба ихтиёри Бонки давлатии рушд супоранд. Дар ин бора рӯзи 1 март вазири эқтисод ва тиҷорати он кишвар Дониёр Амангелдиев хабар дод.

Вазир гуфт, чунин тасмим бо ҳадафи рушди ширкат гирифта хоҳад шуд.

"Ширкат дар ихтиёри давлат боқӣ мемонад, Бонки давлатии рушд 100 дарсад ба давлат тааллуқ дорад. Бо гирифтани ширкати "Мега" сармояи оинномавии бонк бештар хоҳад шуд", - гуфт вазир.

Ин дар ҳолест, ки ширкати мобилии "Мега"-ро дар Қирғизистон пештар мехостанд, ба фурӯш гузоранд.

Моҳи июли соли 2021 Бунёди идораи амволи давлатӣ гуфта буд, Бонки миллии Қирғизистон мехоҳад, ширкати "Мега"-ро харидорӣ кунад. Вале дертар бонки миллӣ гуфт, нияти харидани ширкатро надорад.

XS
SM
MD
LG