Ссылки доступа

Созмондиҳандаи кумитаи ҳифзи Кампирободро аз бемористон ба боздоштгоҳ бурданд


Созмондиҳандаи Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод дар Қирғизистон Мамбетжунус Абилов 1 март дубора аз бемористон ба боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Бишкек интиқол дода шудааст.

Эркин Булекбоев, вакили дифои Абилов гуфт, ӯ ва шахси зери ҳимояш аз ин қарор розӣ нетснад, зеро созмондиҳандаи кумита баъди ҷарроҳӣ ба нигоҳубин ниёз дорад.

"Ҷарроҳӣ бо муваффақият анҷом шуд ва озмоишҳо низ хуб баромаданд. Вале марҳалаи барқароршавӣ аст ва ӯ ба нигоҳубин ниёз дорад. Ягон кас аз қарор розӣ нест. Вайро дар рӯзи зодрӯзаш ба боздошгоҳ бурданд", - афзуд вакили дифоъ.

Абиловро 10 феврал, баъди бад шудани вазъи сиҳатиаш дар боздоштгоҳ ба бемористон бурда буданд.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG