Ссылки доступа

Қирғизистон як шаҳрванди Украинаро ба Белорус истирдод мекунад


Шаҳрванди Украина Владимир Кадария, ки дар боздоштгоҳи Қирғизистон нигоҳдорӣ мешавад, бо ирсоли як нома ба унвони президент Содир Ҷабборов хостааст, қарори истирдодаш ба Белорус бозбинӣ шавад.

Автандил Алимжанов, вакили дифои шаҳрванди Украина ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, шахси зери ҳимояи ӯ аз Ҷабборов дархост кардааст, ки қарори Додситонии кул ва додгоҳи Қирғизистон дар бораи истирдоди вай ба Белорус бозбинӣ шавад.

Владимир Кадарияи 37-сола дар аввал шаҳрванди Белорус буд ва Андрей Ковалев ном дошт. Ӯ соли 2017, баъди дарёфти мақоми паноҳандагӣ ва сипас шаҳрвандии Украина номашро иваз кардааст.

Вайро мақомоти Қирғизистон моҳи августи соли гузашта бо дархости ҳамтоёни белорусии худ дар шаҳри Бишкек боздошт ва ду моҳ ҳабс карданд. Кадария аз дохили боздоштгоҳ ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Қирғизистон муроҷиат карда, моҳи декабри соли 2022 мақоми паноҳандагӣ дар ин кишварро низ дарёфт кард.

Аммо додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек се рӯз пас, 12 декабр бо дархости Додситонии кулли Қирғизистон қарор кард, ки вай ба Белорус иртирдод карда шавад.

XS
SM
MD
LG