Ссылки доступа

Соҳибкорон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди низоми нави андозбандӣ эътироз доранд


Соҳибкорони бозорҳои "Дордой-Дийкан", "Дордой-моторс", "Азиз" ва "Бозори Ӯш" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 2 март зидди тартиби нави андозбандӣ эътироз баргузор карданд.

Иштирокдорони эътироз талаб доранд, аз онҳо мутобиқ ба даромадашон андоз ситонида шавад, дастгоҳҳои хазинавиву назоратӣ ва андози ягона аз фаъолияти тиҷоратӣ бекор карда шавад. Соҳибкорон ҳамчунин гуфтанд, ки аз пардохти андоз саркашӣ намекунанд.

Эътирозгарон талаб карданд, ки вакилони порлумон ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов наздашон бароянд. Дертар муовини Хадамоти андози Қирғизистон Ислом Қидиргичев ба назди эътирозгарон баромад, аммо ба вай имконияти суҳбат карданро надоданд.

Тартиби нави андозситонӣ дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2023 ҷорӣ шуд.

Ибтидои моҳи январ садҳо тан аз соҳибкорон ба ин монанд эътироз баргузор карда буданд. Дар посух мақомоти Қирғизистон миёни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карданд.

XS
SM
MD
LG